Пайвандҳои дастрасӣ

Авҷ гирифтани нигаронӣ аз хушунатҳо дар Миср


Нигарониҳои байналмилалӣ аз амалкарди маъмурони амниятии Миср авҷ гирифтааст, ки дар бархӯрд бо тазоҳургарон дар шаҳри Қоҳира дасти кам 10 нафарро куштанд. Се рӯз боз аст, ки дар майдони Таҳрир дар маркази пойтахти Миср миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон бархӯрд сурат мегирад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, бо ибрози нигаронии амиқ аз ин хушунатҳо, аз мақомоти Миср хост, онҳоеро, ки ҳуқуқи тазоҳургаронро помол кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, истифодаи беш аз ҳадди нерӯ алайҳи тазоҳургаронро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG