Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "идона"-и сарони ИДМ дар Маскав


Президентҳои 11 кишвари узв дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав мулоқот мекунанд. Дар ҳоле ки нишасти умумии онҳо ба 20-умин солгарди таъсиси ин эътилоф бахшида шудааст, онҳо дар гурӯҳҳои гуногун дар чаҳор саммит ширкат меварзанд. Рӯзҳои душанбе ва сешанбе нишасти сарони Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё бо ширкати президентҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон ва Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё бо изофаи раҳбарони Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷараён хоҳад гирифт. Ҳамчунин нишасти сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор хоҳад шуд, ки Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба он шомиланд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишастҳо бо ҳамтои руси худ Дмитрий Медведев аввалин бор пас аз бӯҳрони марбут ба ҳукми халабонҳои рус дар Тоҷикистон ва боздошти дастҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мулоқот мекунад. Аммо гуфтушуниди алоҳидаи онҳо дар назар нест, дар ҳоле ки Медведев қарор аст, бо президентҳои Украина ва Қирғизистон нишастҳои ҷудогона хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG