Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расми дафни Ҳавел рӯзи ҷумъа баргузор мешавад


Шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех бо гирондани шамъҳо ва гузоштани гулчанбарҳо дар назди кохи раёсатҷумҳурӣ ва майдони марказии Прага хотираи президенти пешини худ Ватслав Ҳавелро гиромӣ медоранд. Драмнависи саршинос ва дигарандеш, пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и соли 1989-и Чехословакия рӯзи 18-уми декабр дар синни 75-солагӣ даргузашт. Раисиҷумҳури феълии Ҷумҳурии Чех ва рақиби собиқи Ҳавел -- Ватслав Клаус Ҳавелро рамзи давлатдории кишвари хеш эълон кард. Сарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, сиёсатмадорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар дар пайванд бо фавти Ҳавел номаҳои таслият фиристодаанд. Бино ба гуфтаи расонаҳои чехӣ расми дафни Ватслав Ҳавел рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG