Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон омодаанд, дар Кобул намояндагӣ боз кунанд


Музокиракунандаи асосии ҳукумати Афғонистон бо Толибон мегӯяд, толибҳо омодаанд, берун аз қаламрави Афғонистон дафтари расмӣ боз кунанд. Арсало Раҳмонӣ, узви баландпояи Шӯрои сулҳи Афғонистон гуфт, “фармондеҳони аршади Толибон” ба таъсиси дафтари сиёсӣ ризоият доданд. Ин дар ҳолест, ки чандин талоши гузаштаи гуфтушунид бо толибҳо ноком гашта, президент Ҳомид Карзай гуфтушунид бо ошӯбгаронро дар ҳоле ки суроғае барои тамос надоранд, рад кардааст. Ҳафтаи гузашта Афғонистон сафираш дар Қатарро пас аз нашри хабар дар матбуоти Ҳинд дар бораи имкони ифтитоҳи дафтари Толибон дар ин ҷо бозхонд. Афғонистон мехоҳад, Кобул макони гуфтугӯи сулҳ бошад.
XS
SM
MD
LG