Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Покистон ба ватанаш баргаштааст


Як мақоми аршади ҳукумати Покистон гуфт, раисиҷумҳури ин кишвар Осаф Алӣ Зардорӣ пас аз ду ҳафтаи табобат дар Дубай ба ватанаш баргаштааст. Мансур Вассан, вазири умури дохилии вилояти Синд афзуд, Зардориро дар дар фурудгоҳи Карочӣ пешвоз гирифтааст. Сафари ногаҳонии президенти Покистон боиси овозаҳое шуд, ки кишвар дар садади табаддулоти ҳарбист. Мақомоти Покистон бемории Зардориро эълон накардаанд, аммо хабарҳое дар бораи сактаи қалбии ӯ пахш шудааст.
XS
SM
MD
LG