Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон аз даргузашти Ватслав Ҳавел, раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии Чех, изҳори андӯҳ мекунад.

“Қаҳрамон”, “бемисл”, “покниҳод”. Инҳо чанд сифате ҳастанд, ки имрӯз дар номаҳои таслияти ҷаҳониён аз даргузашти президенти пешини Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел садо медиҳанд.

Драмнависи саршинос ва дигарандеш, пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и соли 1989-и Чехословакия рӯзи 18-уми декабр дар синни 75-солагӣ барои ҳамеша аз ҷаҳон чашм баст.

Раисиҷумҳури феълии Ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус дар паёми телевизионияш Ҳавелро ин гуна тавсиф кард: “Ватслав Ҳавел ба рамзи давлати муосири чех табдил ёфт. Вай бо муборизаи шуҷоатмандонааш бо тоталитаризми коммунистӣ ва ҳамчун раҳбари “Инқилоби махмалӣ”-и мо ва нахустин президенти кишвари озоди мо дар истиқрори ин давлат нақши калидӣ бозид.”

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, “истодагарии осоиштаи Ҳавел бунёди як империяро такон дод, пучии як идеологияи саркӯбгарро ба намоиш гузошт ва исбот кард, ки қудрати ахлоқ аз ҳама гуна силоҳ бештар аст.”

Обама дар изҳороти худ афзуд, Ҳавел “ба наслҳои зиёде дар саросари ҷаҳон илҳом бахшид, ки чӣ гуна мешавад, бо худшиносӣ ва шарафмандии хеш расид.”

Сарвазири Олмон, Ангела Меркел, дар паёме ба ҳукумати Ҷумҳурии Чех гуфт, кишвараш аз талаф ёфтани “як аврупоии бузург” андӯҳгин аст.

Дар навбати худ, вазири умури хориҷии Олмон, Гвидо Вестервелле аз Ҳавел ба Ватслав Ҳавел ва ҳамсараш Дагмар

Ватслав Ҳавел ва ҳамсараш Дагмар

ҳайси “рӯҳи инқилоби Чех” ва “қаҳрамони демократияву озодӣ” ситоиш кард. Вай гуфт, Ҳавел кӯмак кард, то ҷудоии давраи Ҷанги Сард дар Аврупо паси сар шавад. Вай афзуд: “Ӯ давлатмарди бузург ва маъракасози муҳими ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ буд. Мо ӯро пазмон хоҳем шуд. Махсусан, мо олмониҳо, аз ӯ бисёр қарздорем, зеро ваҳдати олмониҳо ва ҳамоиши Аврупо ду тарафи як тангаанд. Мо дар гиромидошти Ватслав Ҳавел сари таъзим фуруд меорем.”

Раисиҷумҳури Австрия, Ҳейнз Фишер Ҳавелро “як аврупои бузург, нависанда ва гуманист” номид ва вазири умури хориҷии ин кишвар Майкл Спинделегер ӯро “чеҳраи истисноӣ ва рӯшанфикри покниҳод” унвон кард. Раиси Порлумони Аврупо Ежи Бузек гуфт, ки “Ватслав қаҳрамон буд ва қаҳрамон мемонад”. Раиси Кумиссюни Аврупо Хосе Мануел Баррозо Ҳавелро манбаи азими илҳоми онҳое шумурд, ки дар саросари ҷаҳон барои озодӣ ва демократия мубориза мебаранд.

Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Стив Корн дар як изҳорот гуфт, “бо фавти Ҳавел дӯстони демократия, матбуоти озод ва шаъни бунёдии ҳамаи инсонҳо як дӯсти бузургеро аз даст доданд.” Вай афзуд: “Ҳавел усулеро таҷассум мекард, ки роҳнамои ташкилоти моянд ва дар навбати худ мо умедворем, арзишҳои зиндагӣ ва кори ӯро ба шунавандагони худ баргардонем.”

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ мушовири пешини Ҳавел, Иржи Пеҳе сифатҳои шахсии Ҳавелро баршумурд, ки барояш имкон доданд ба машъали демократия дар минтақаи гузор табдил ёбад: “Нахуст, ба фикрам, ӯ як чеҳраи хеле ҷаззоб буд. Дувум, ман фикр мекунам, то ҷое ки ӯро шинохтам, хислати нодире дошт, ки ман дар афроди дигар камтар дидам, яъне ба таври боварнакарданӣ қодир буд, ақидаҳои мухталифро ҳазм кунад ва бо барномае ба майдон барояд.”

Чехҳо аз маҳалҳои гуногун дар назди Қасри раёсатҷумҳурӣ ва майдони марказии Ватслав ҷамъ мешаванд, то ба ёди раҳбари пешини худ шамъ рӯшан кунанд. Раисиҷумҳур Клаус мақомоти аршадро ба ҷаласаи ҳукумат хостааст, то маросими дафни Ватслав Ҳавелро тарҳрезӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG