Пайвандҳои дастрасӣ

Русия номзадии миллатгаро Лимоновро рад кард


1

1

Кумиссюни марказии интихоботии Русия номзадии Эдуард Лимонов, нависанда ва сиёсатмадори мухолиф ва тундравро ба мақоми раёсатҷумҳурӣ рад кард. Лимонов, ки раҳбари ҳизби “Русияи дигар” низ аст, ин иқдомро як “ҷинояти сиёсӣ” номид ва гуфт, он кофист, ки интихоботи президентии моҳи марти Русия қайриқонунӣ шумурда шавад. Қаблан, дар соли 2007 фаъолияти ҳизби радикал ва миллатгарои Лимонов мамнӯъ эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG