Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 низомии суриягӣ дар задухӯрде дар Ал-Қусайр


Дар вилояти Ҳомси Сурия бар асари задухӯрд миёни артиш ва низомиёни сӯи мухолифин гузашта дасти кам шаш сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки даргирӣ дар канори шаҳри Ал-Қусайр ба амал омад – нерӯҳои ҳукуматӣ ин шаҳрро мавриди тирборони шадид қарор доданд.

Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад беш аз 5 ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG