Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон то 13 нафар афзоиш ёфт. Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли кишвар Нурдавлат Суиндиқов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Барои вайрон кардани қуюди шабгардӣ дар Жанаозен даҳҳо нафар боздошт шуданд.

Дирӯз Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар нишасти Шӯрои амнияти кишвар изҳор намуд, ки ҳама муҷримони бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен муҷозот хоҳанд шуд. Аз ин пеш ӯ дар бораи вазъи фавқулодда дар ин шаҳр амр содир карда буд.

Рӯзи шанбе кормандони полис тазоҳуроти сокинони шаҳраки Шептаи вилояти Мангистауро саркӯб карданд. Як нафар кушта ва 11 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дирӯз сокинони шаҳри Жанаозен роҳи қаторҳои мусофирбар ва боркашро бастанд. Ба иттилоъи додситонӣ, тазоҳургарон як тепловозро оташ зада, ба қаторҳои боркаш шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд. Кормандони полис барои пароканда кардани тазоҳургарон сӯи онҳо оташ кушоданд. Дар бораи кушташудагон ё маҷрӯҳон алҳол иттилое нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG