Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ватслав Ҳавел, раисиҷумҳури нахустини Ҷумҳурии Чех, дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Ёвари ӯ Сабина Танчовова гуфт, ки дили Ҳавел субҳи рӯзи якшанбе дар бустонсарояш дар шимоли Чухия аз таппиш монд.

Ватслав Ҳавел солҳои 60-уми қарни гузашта ҳамчун драмнавис ва мунаққиди адабӣ шӯҳрат ёфт. Баъд аз "баҳори Прага" дар соли 1968 ӯ бо мухолифин пайваст ва матолибаш бо интиқоди режими коммунистӣ асосан дар хориҷи кишвар нашр мешуданд. Ҳавел барои ин чанд бор ҳабс шуда буд.

Соли 1989 Ватслав Ҳавел яке аз созмондиҳандагони "Форуми шаҳрвандӣ"", ниҳоди асосии мухолифини Ҷумҳурии Чех шуд. Ҳамон сол ӯ раиси ҷумҳури Чехославакия интихоб гардид. Соли 1993 Ҳавелро нахустин раисиҷумҳури Чехияи мустақил баргузиданд.

Ӯ соли 2003 баъд аз хатми даври дуввуми раёсатҷумҳурияш ба кори эҷодӣ баргашт.
XS
SM
MD
LG