Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз 550 фаластинӣ зиндонҳои Исроилро тарк мекунанд


Имрӯз Исроил дар чаҳорчӯби марҳалаи дуввуми табодули маҳбусон 550 зиндонии фаластиниро озод хоҳад кард. Дар марҳалаи аввал 450 фаластинӣ, ки бо иттиҳоми ширкат дар ҳамлаҳои террористӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд, маҳбасҳои Исроилро тарк намуданд. Бештари маҳбусоне, ки имрӯз озод карда мешаванд, мусаллаҳони ҷунбиши «Фатҳ» мебошанд.

Шоми дирӯз Додгоҳи олии Исроил талаби ҷилавгирӣ аз раҳоии маҳбусони фаластиниро рад кард. Додгоҳ эълом дошт, ки ин қазия аҳамияти сиёсӣ дорад ва ба тасмими ҳукумат дохолат накард.

Ду моҳ пеш Исроил ва Фаластин ба созиш расиданд, ки ба ивази раҳоии низомии исроилӣ Гилад Шалит тақрибан ҳазор фаластинӣ – маҳбусони зиндонҳои Исроил озод карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG