Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эътирозҳо алайҳи тақаллуб дар интихоботи Дума


Имрӯз дар шаҳрҳои гуногуни Русия намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихоботи Думаи давлатӣ баргузор мешаванд. Дар намоишҳо дар Магадан, Сахалин, Хабаровск ва Благовешенск садҳо нафар ширкат доштанд.

Имрӯз дар маркази шаҳри Маскав ҷонибдорони ҳизби коммунисти Русия алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи парлумонӣ эътироз мекунанд. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар таҳияи намоиши оммавӣ нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ширкат доранд.

Қарор аст, ки рӯзи 24 декабр дар шаҳри Маскав бузургтарин намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихоботи ахири Думаи давлатӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG