Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори норинҷак 20 полиси афғонро маҷрӯҳ кард


Дар шаҳри Хусти Афғонистон як марди ношинос ба мошин бо кормандони пулис норинҷак андохт ва тақрибан 20 нафарро маҷрӯҳ кард.

Дар ду рӯзи ахир ин дуввумин ҳамла ба кормандони полис бо норинҷак аст. Аз ин пеш афроди ношинос ба яке аз қароргоҳҳои полис дар шаҳри Кобул норинҷак андохта буданд ва аммо ба касе осеб нарасид. Масъулияти ҳамлаи ахирро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG