Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар даргирии миёни артиш ва муътаризони мисрӣ камаш нӯҳ нафар кушта ва беш аз 300 тан захмӣ шудаанд.

Расонаҳо менависанд, ки даҳҳо нафари дигар дар ҷараёни ин нооромиҳо мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Миёни кушташудагон яке аз диндорҳои бонуфузи Миср -- Шайх Имод Иффат низ будааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои амниятӣ ба як қароргоҳи эътирозгарон дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат ҳамла карда, занонро ҳадафи лату кӯб қарор доданд. Эътирозгарон сӯи кормандони пулис санг ва шишаҳо бо маводи сӯзанда андохтанд ва чанд мошин ҳам ба коми оташ кашида шуд.

Эътирозгарони мисрӣ талаб доранд, ки қудрат ҳарчӣ зудтар аз Шӯрои олии низомӣ ба ҳукумати мулкӣ интиқол дода шавад.

Ин хушунатҳо фазои Мисрро пас аз даҳ моҳи сарнагунии раисиҷумҳури пешини ин кишвар Ҳуснӣ Муборак муташанниҷ кардааст. Бисёре аз мисриҳо мегӯянд, инқилоби мардумӣ, ки дар пайи он режими Муборак суқут кард, ҳанӯз аҳдофи худро бароварда насохт. Ба вижа ин ки шуморе аз масъулони низоми собиқ, ки муттаҳам ба ҷиноятҳои мухталифанд, то ҳол муҳокима нашудаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи бархе аз мисриҳо демократия ва барпо кардани як кишвари маданӣ, ки ваъдаи аслии инқилоб буд, то кунун иҷро нашудааст.

Ин аст, ки амалкарди Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср,ки аз замони сарнагунии Ҳуснӣ Муборак идораи муваққати кишварро бар ӯҳда гирифтаааст, бисёре аз мисриҳоро хашмгин кардааст. Онҳо ин шӯроро дар таҳвили қудрат ба ғайринизомиён ҷиддӣ намешуморанд.

Дар ҳоле ки шуморе дигар аз гурӯҳҳои ҷомеа аз Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, вуҷудаш барои давраи интиқолӣ, ки дар он пояҳои амният мустаҳкам мешавад, зарурӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG