Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Маскав. Кӣ аввал оғӯш хоҳад кушуд?


Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишастҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Маскав меравад.

Интизор меравад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҳамоишҳо, бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар мулоқоту гуфтугӯ кунад.

Аксари таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз моҷарои пурсарусадои халбонҳои рус, ки то андозае соя дар муносибати ду кишвар андохт, бо оғӯши боз ба Маскав қадам мегузорад.
Баъд аз анҷоми қазияи халабонҳо, ин нахустин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия мебошад.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки нишастҳои ғайрирасмии кишварҳои узви ИДМ, ЕврАзЭС ва Паймони амнияти датиҷамъӣ афзалияти ҳамкории Тоҷикистонро бо Русия маълум хоҳад кард. Зеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ба Ғарб нишон додани ҳамшарикии фаъол бо кишварҳои узви ин созмонҳо, барои Маскав муҳим буда, ҳодисаҳое назири «қазияи халабонҳо» муассир нахоҳад буд: "Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳузури Тоҷикистон ҳамчун узви иттиҳоди ОДКБ, СНГ, ЕврАзЭС барои Русия зарур аст. Ва дар сафаре, ки ҷаноби Раҳмон ба Маскав хоҳад дошт, бо раҳбарони сиёсии Русия ҳангоми раддубадали муносибатҳо, ин нуктаро таъкид хоҳад кард."

Исмоил Раҳматов меафзояд, ба ҳар сурат рафтори Душанбе дар мавриди қазияи халабонҳо, Маскавро то андозае такон дод, ки дар бархӯрд бо кишвари ҳамшарик аз зарофатҳои шарикӣ кор гирад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко
Ахиран Александр Лукашенко, президенти Белорусия дар суҳбат бо расонаҳои хабарӣ муносибати Русияро дар мавриди қазияи халабонҳо интиқод карду гуфт, ки намебоист барои ин моҷаро, Маскав Тоҷикистонро сархам мекард. Вай афзуд, кишварҳои дигари ҳамшарик пас аз ин муносибати номуносиб фикр карданд, ки агар ба онҳо ҳам чунин ҳодиса иттифоқ афтад, Русия рафтори мушобеҳ хоҳад кард.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишастҳои созмонҳо кишварҳои пасошӯравӣ дар Маскав дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки Русия дар остонаи як таҳаввулоти ҷиддӣ қарор дорад. Дигар ҳоло рӯшан аст, ки Дмитирй Медведев ҳамчун шахси аввали ин кишвар курсии худро ба Владимир Путин хоҳад дод. Ва ин таҳаввулот ҳам як шароите ҳаст, ки Душанбе метавонад муносибатҳои худро полоиш диҳад.

Рашид Ғанӣ, таҳлилгари тоҷик
Рашид Ғанӣ, таҳлилгари тоҷик
Рашид Ғанӣ, таҳлилгари тоҷик ба ин бовар аст, ки «Русия дар марҳалаи гузаштани қудрат аз як сарвар ба сарвари дигар аст. Ва мусаллам аст, ки Русия тасимгириҳои худро пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дақиқ созад ин фурсате ҳаст, ки Тоҷикистон ҳамаҷониба муносибатҳои худро бо Русия танзим ва мушаххас кунад.»

Ҷаноби Ғанӣ ҳамчунин мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дидору гуфтугӯҳои худ бо сарони Русия, масъалаи вазъи сангини муҳоҷирини кории тоҷик ва шароити маҳдуди интиқоли маблағҳои онҳоро дар баробари мавзуъи ҳузуру тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки ҳалли масъалаҳое чун идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, масъалаи пардохти истгоҳи «Окно», ки дар ҷануби ин кишвар вуҷуд дорад, намегузорад, ки Русия барои қазияи мусбат ҳалшудаи халабонҳо сардӣ нишон диҳад.

Cуҳроб Шарифов
Cуҳроб Шарифов
Ҷаноби Шарифов меафзояд, ҳатман мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, ки тайи чанд соли ахир сурат нагирифта буд, амалӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, "албатта, Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин гуфтугӯ хоҳад кард ва масъалаҳои мавриди баҳси байни ду кишвар ҳам бо некӣ ҳал хоҳанд шуд. Зеро ин дидору гуфтугӯҳо як гардиши гарму нарм дар муносибати ду кишвар пеш хоҳад омад, зеро муносибати байни Путину Эмомалӣ Раҳмон собиқадортар аз муносибати Медведеву Раҳмон аст."
XS
SM
MD
LG