Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Истиқлол» пас аз пирӯзӣ бар тими «Энергетик» бо ҳисоби 2:1, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 24-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон 17-уми декабр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Юсуф Рабиев дар дақиқаи 29-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Баъди ҳафт дақиқа, ӯ голи дуюми «Истиқлол»-ро вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Ду дақиқа қабл аз анҷоми нимаи аввали дидор, Сафархон Мирзоев, бозигари «Энергетик» ҳисобро тағйир дод. Нимаи дуввуми бозӣ, ки хеле пуршиддат ҷараён гирифт, бидуни гол поён ёфт.

Ба ин тартиб дастаи «Истиқлол» баъди ин пирӯзӣ барои бори дуввум бо медалҳои тиллои мусобиқот мукофотонида хоҳад шуд.

«Истиқлол» дар 37 бозӣ 99 имтиёз ба даст овардааст ва новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш бо «Равшан»-и Кӯлоб (ду бозӣ) ва «Регар»-и Турсунзода, барои рақибонаш дастнорас гардид.

«Регар» бо 95 имтиёз ва як бозии боқимонда дар ҷои дуввум қарор дорад. «Равшан», ки бо 89 имтиёз сеюм ҳаст, боз ду бозӣ анҷом хоҳад дод.
Дастаҳои «Регар» ва «Равшан», ки ҳадди ақал бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, барои дарёфти медалҳои нуқра талош мекунанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 32 гол дар ҷои аввал мебошад. Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) бо 27 гол дар ҷои дуюм аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои сеюм қарор дорад.

Инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 20-голӣ, Габриэл Донто (”Энергетик”) 19 гол ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол задаанд.

Се бозии охирину мавқуфгузоштаи мусобиқот дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад:

Даври 40-ум. 22 декабр (панҷшанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Истиқлол" 37 32 3 2 120-16 99
2. "Регар-ТадАЗ" 39 30 5 4 108-26 95
3. "Равшан" 38 29 2 7 78-31 89
4. "Энергетик” 40 21 3 16 78-64 66
5. "Хайр" 40 17 3 20 61-59 54
6. ССКА "Помир" 40 16 4 20 65-69 52
7. "Хуҷанд" 40 15 6 19 56-72 51
8. "Вахш" 40 15 5 20 43-51 50
9. "Парвоз" 40 12 4 24 45-76 40
10. "Шодмон" 40 7 2 31 44-115 23
11. "Гвардия" 40 3 3 34 32-151 12

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG