Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон боз дар майдони Болотная ҷамъ омаданд


Дар майдони Болотнаяи шаҳри Маскав ҳамоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуби натоиҷи интихобот ба Думаи давлатии Русия шурӯъ шуд. Гирдиҳамоиро ҳизби “Яблоко” ташкил кардааст.

Раҳбарони ҳизб гуфтанд, ки ҳамоиш на сиёсӣ, балки умумишаҳрвандист ва дар он ҳама созмонҳо, ба ҷуз созмонҳои фашистиву миллатгаро, даъват шудаанд.Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин ҳамоиш тақрибан ҳазор нафар ширкат доранд.

Намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи парлумонӣ дар дигар шаҳрҳои Русия ҳам баргузор шуданд. Дар гирдиҳамоӣ дар шаҳри Иркутск тақрибан 700 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG