Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Филиппин боиси ҳалокати одамон шуд


Бар асари обхезӣ дар Филиппин 180 нафар ба ҳалокат расиданд. Бар пояи иттилоъи расмӣ, тақрибан 400 нафари дигар ба рӯйхати афроди ғайбзада шомиданд. Леополд Галон, сухангӯи вазорати дифои Филиппин гуфт, ки дар шаҳри Кагаян-де-Ори ҷазираи Минданао ҷасадҳои 97 нафар ва дар шаҳри Илиган ҷасадҳои 75 нафар ошкор шудаанд.

Обхезӣ дар ҷазираи Минданао бар асари тӯфон ба амал омад, борони шадид боиси аз соҳилҳо берун шудани рӯдхонаҳо гардид.

Барои ширкат дар амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ даҳ ҳазор афсарону сарбозон сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG