Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Пуштибонии ИМА аз Исроил шикастнопазир аст


Маъмурияти феълии Амрико назар ба ҳукуматҳои пешин барои таҳкими амнияти Исроил корҳои бештарро анҷом додааст. Ин изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар конфаронси ҷунбиши “Барои ислоҳоти дини яҳудӣ” садо дод. Ӯ пуштибонии Амрико аз Исроилро “шикастнопазир” хонд.

Ҳамзамон раисиҷумҳури Амрико аз нотавонии исроилиҳову фаластиниҳо барои эҳёи раванди музокироти сулҳ изҳори таассуф кард.

Барак Обама дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон гуфт, ки он ба амнияти ҳам Амрико ва ҳам Исроил таҳдид мекунад.

Обама афзуд, ки ихтилофи назар миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон наметавонад ба равобити миёни Амрикову Исроил таъсире дошта бошад. Аз ин пеш номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва намояндагони ҷомеъаи яҳудии Амрико аз сиёсати маъмурияти Обама дар баробари Исроил интиқод карда буданд.
XS
SM
MD
LG