Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леон Панетта вориди Троблус шуд


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифоъи ИМА, имрӯз вориди шаҳри Троблус, пойтахти Либия, шуд.

Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба ин кишвар баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофист.

Леон Панетта бо раҳбарони Либия, аз ҷумла, бо вазири дифръ Усома ал-Ҷуволӣ ва сарвазир Абдулраҳим ал-Қиб мавзӯъи таъмини амнияти ин кишвари арабиро баррасӣ мекунад.

Сафари Панетта ба Либия ҳамагӣ чанд соат идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG