Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни бархӯрд дар Қоҳира афзоиш ёфт


Дар Қоҳира шумораи қурбониёни бархӯрд миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ ба ҳафт нафар расид. Миёни кушташудагон яке аз диндорҳои бонуфузи кишвар Шайх Имод Иффат низ ҳаст. Дар ин ҳодиса ҳамчунин беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои амниятӣ ба як қароргоҳи эътирозгарон дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат ҳамла карда, занонро ҳадафи латукӯб қарор доданд. Эътирозгарон сӯи кормандони полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯзанда андохтанд, чанд мошин ба коми оташ кашида шуд.

Эътирозгарони мисрӣ талаб доранд, ки қудрат ҳарчӣ зудтар аз Шӯрои олии низомӣ ба ҳукумати мулкӣ интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG