Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин хостори тафтиши ҳаводиси Жанаозен шуданд


Мухолифини Қазоқистон талаб доранд, ки барои тафтиши пурра ва воқеъбинонаи ҳаводиси шаҳри Жанаозен комиссиюни махсус ташкил шавад. Дирӯз дар ин шаҳр миёни кормандони ширкати нафт ва кормандони полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Асҳат Доулбоев, Додситони кулли Қазоқистон, гуфт, ки "бар пояи маълумоти муқаддамотӣ, дар бенизомиҳои оммавӣ даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Маҷрӯҳон низ ҳастанд, аз ҷумла, миёни кормандони полис."

Асҳат Доулбоев афзуд, ки бар асари бенизомиҳо бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсаро, идораи ширкати нафти "Озенмунайгаз", чандин мошин сӯзонда ва банкоматҳо тороҷ шудаанд. Бархе расонаҳои интернетӣ мегӯянд, ки теъдоди кушташудагон назар ба хабари расмӣ хело бештар аст.

Мақомоти Қазоқистон ба ин шаҳр теъдоди зиёди кормандони полис ва зиреҳпӯшҳоро фиристоданд. Дар бархӯрд бо кормандони ширкати наф кормандони полис аз силоҳ ва гази ашковар истифода бурданд. 70 нафар бо гумони даст доштан дар ин ҳаводис боздошт шуданд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон тайид намуд, ки бенизомиҳоро кормандони бар асари коршиканӣ ихроҷшудаи ширкати "Озенмунайгаз" ташкил кардаанд.

Мухолифини ҳукумати Қазоқистон ҳамчунин талаб кардаанд, ки муҳосираи иттилоотии ҳаводиси Жанаозен бардошта ва фаъолияти сомонаҳои интернетӣ дубора эҳё шавад.
XS
SM
MD
LG