Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бо баҳси маҳкумият ва озодии халабонҳои рус анҷом шуд.

Моҳи декабр, ба дунболи он боз баҳсҳои мазҳабӣ оғоз шуд ва ҳамчунон ду ҳафта ба ин сӯ идома дорад.

Тоҷикистон солҳо боз дар рӯбарӯи як чунин баҳси мазҳабие мисли ин қарор нагирифта буд. Ҳарчанд дар ибтидои истиқлоли Тоҷикистон баҳси умдае, ки ҷанги дохилиро ба дунбол дошт низ баҳси мазҳабии ба истилоҳ «вовчик ва юрчик» буд.

Баҳсҳои дигари мазҳабии гурӯҳҳое назири Ҳизби таҳрир, Салафия ва Ҷамоаи таблиғ, ки ҳамагӣ дар Тоҷикистон мамнӯанд, зиёд нигаронкунанда набуд ва ба зудӣ фурӯкаш кард. Аммо баҳсе, ки акнун сар задааст, баҳси нигаронкунанде ба назари коршиносон меанамояд.



ЧАРО БОЗ БАҲСИ МАЗҲАБӢ?

Чаро баҳси мазҳабӣ дар Тоҷикистон доғ шудааст? Чаро мақомот имкони танзими фаъолиятҳои мазҳабӣ ва иттиҳодияҳои диниро надоранд ва кор то сарҳади низоъ кашида мешавад?

Дар ҳафтаи гузашта баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон роҷеъ ба маҳкум кардани иқдоми баргузории маросими Ошӯро дар масҷиди «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат ва ба думболи он манъи фаъолияти ин масҷид ва дар муқобил вокуниши хонаводаи Тураҷонзодаҳо сарусадоеро дар Тоҷикистон ба бор овард. Шӯрои уламо, хонаводаи Тураҷонзодаҳоро дар гароиш ба мазҳабӣ шиа ва дар навбати худ Тураҷонзодаҳо раиси Шӯрои уламоро дар гароиш ба равияи салафӣ муттаҳам кардаанд.

Ин шӯру ғаво дар навбати худ таърихи начандон гузаштаи Тоҷикистонро дар хотираҳо зинда кард. Таърихи ҷанги хонагиеро, ки ба истилоҳи бархе таҳлилагарон аввал ҷанги мазҳабӣ буд, баъдан ба ҷанги мансабӣ табдил шуд. Ҳоло ба андешаи соҳибназарон, боз ҳам вазъияти ба вуҷуд омада бӯе аз оғози як низои мазҳабии дигар медиҳад. Коршиносон ва таҳлилагарон дар расонаҳои Душанбе аз ин эҳтимол ҳушдор додаанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, танҳо ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон ва минтақа низ аз наздик шудани фитнае дар ҷомаи мазҳабӣ изҳори нигаронӣ карда ва аз ҳаводоронаш хостааст, ки гӯли ҳар гуна иғвои мазҳабиро нахӯранд.

Коршиносон мегӯянд, ҳоло чизи баде, ки ба вуҷуд омада ба изофаи ихтилофоти ҳамеша мавҷуди мазҳабӣ ин аст, ки ду иттиҳодияи ҷамъиятии динӣ, яке Шӯрои уламои Тоҷикистон ва дигаре хонаводаи Тураҷонзодаҳо дар муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Акнун суол ин аст, ки оё Шӯрои уламо ҳаққи мудохила ба умури як иттиҳодияи дигари диниеро, ки дар Кумитаи дин мисли Шурои уламо сабти ном шудааст, дошт? Ба ҳар ҳол ин мудохила ва вокуниш ба он боиси амиқтар шудани ихтилофҳо шудааст. Як чиз мусаллам аст, ки ин баҳсҳо пайомади хубе нахоҳад дошт. Аммо чаро кор ба ин ҷо кашид?

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, солҳои тӯлонӣ руиҳамрафта идеяҳои мазоҳиби гуногун дар Тоҷикистон доман паҳн кард ва ниҳодҳои марбута бархӯрди муносиб ба вазъият накарданд. Ва вазъи имрӯз паёмади ворид шудани андешаи равияҳои мухталиф аст.

Парвиз Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Муллоҷонов мегӯяд: «Ба назари ман, ин натиҷаи фаъолияти равияҳои, аз ҷумла салафӣ мебошад, ки дар таблиғоташон аслан зиддӣ эронӣ ва зидди шиа мебошад.»

Хурофот, ақибмондагии иқтисодӣ, гирифториҳои иҷтимоӣ ва фақри густарда аз як сӯ ва аз сӯи дигар нақзи ҳуқуқи инсон далели дигари густариши мазҳабгароӣ ва фаъол шудани гурӯҳҳои динӣ унвон мешавад. Исмоил Талбаков, вакили МН мегӯяд, вақте мардум ноумед мешавад ва ниҳодҳои марбута аз ӯҳдаи иҷрои масъулияти худ бар намеоянд, ба рӯҳониён рӯ меоранд ва роҳи наҷоти худро дар даъвати муллоҳо мебинанд.

Ӯ мегӯяд, фаъол шудани гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти мавҷуд як воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон аст: «Ин қадар хурофоте, ки дар Тоҷикистон аст, дар ягон кишвари араб нест. Мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нарасидани барқ, набудани ҷои корӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамаи ин боис шудааст, ки мардум ба даъвати оддитарин эътимод кунад, ба он умед, ки шояд роҳи наҷот ҳамин бошад. Хоҳ даъвати Ошуро бошад, хоҳ даъвати ягон рӯҳонии дигар бошад, ба он мардум таваҷҷӯҳ мекунад, зеро хало вуҷуд дорад.»

Аммо Сайфулло Муллоҷонов, устоди Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, ки Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ ба бовари таҳлилгарони ғарбӣ ҳам, дар як марҳалаи хезиши исломӣ қарор дорад. Ва ин ҷунбиш паёмади озод шудани дин аз чанги 70-солаи низоми коммунистӣ мебошад, ки ба ин тариқ густпрда мешавад. Ва дар ин шароити динталабӣ фаъол шудани гурӯҳҳои исломӣ ва ҳамзамон ихтилофоти мазҳабӣ як амри ногузир аст.

Иллати дигари ба миён омадани ба истилоҳи рӯҳониён "фитнаи мазҳабӣ" ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, нақши таърихӣ ва суннатии рӯҳониён дар ҷомеаи тоҷик аст, ки ҳамеша ҷойгоҳи хоси худро доштаанд. Ва ба ин далели нуфузи билқувваи рӯҳониён ихтилофи миёни онҳо ба ихтилофи миёни тӯдаҳо табдил мешавад.

"СИТЕЗАИ ДУ МУЛЛО, УСТУВОНАИ ҶОМЕАРО МЕЛАРЗОНАД"

Доктор Муллоҷонов мегӯяд, "муноқиша миёни вузаро ҳам мешавад. Аммо вақте ду вазир ба ҳам бархӯрд мекунанд ва тунд мегӯянд, шояд ҳатто касоне, ки вориди сиёсат ҳастанд, баъди солҳо баъзан аз ин моҷарои ду вазир огоҳ шаванд. Аммо вақте ду руҳонӣ ба ҳам ба ситеза мепардозад, устувонаҳои ҷомеаро бар ларза меорад. Ва нерӯҳои фурсатталаб аз ин хуб истифода мекунанд. Шумо оғози ҷанги дохилиро ба хотир биоред, ки дар он вақт ҳам рӯҳониҳо ва зиддияти онҳо хеле муассир ва коргузор буд."

Аммо оё ин танҳо омили шиддат гирифтани вазъият аст? Дар ҳоле, ки давлат ниҳодҳои мухталифи танзими равандҳои мазкурро дорад. Ва пеш омадани вазъияти мазкур метавонад нишони зафъи ниҳодҳои марбута низ бошад, ки дар пешгирӣ аз авҷи ихтилоф ва мазҳабгароии беш аз ҳад кӯтоҳ омадаанд?

Оқои Муллоҷонов мегӯяд: «Баъди истиқлол ва дар бист соли ахир ниҳодҳое, ки дар ин замина кор мекунанд ё бо шеваи кӯҳна кор карданд ва ё кордонӣ нишон надоданд. Ё мутахассиси ҳирфаӣ надоранд, ки бидонад, ки бо ин масъалаҳо намешавад бозӣ кард ва ё дониста ин корҳо сурат мегирад. Яъне се омил боиси вазъияти кунунӣ аст, яке ба таври суннатӣ нуфузи рӯҳониён, дигаре хезиши феълии исломӣ ва бедории динӣ дар минтақа ва савум нокоромадии ситемаи танзими фаъолиятҳои динӣ, дар маҷмӯъ моро ба ин чолиш рӯбарӯ кардааст.»

ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ

Аммо суолии маъмулӣ ва аслӣ боз ҳам ин аст, ки чӣ бояд кард, то аз вазъи мавҷуди бӯҳронӣ берун рафт ва аз густариши ихтилофоти мазҳабӣ ва мазҳабгароии беш аз ҳад ҷилавгирӣ кард.

Исмоил Талбаков, вакили МН мегӯяд: «Ташкили ҷойҳои корӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот ва машғул кардани мардум ба кор ва барномаҳои фарҳангӣ метавонад аз ин корҳо пешгирӣ кунад.»

Албатта, давлат тавассути роҳандозии барномаҳои мухталифи фарҳангӣ талош кардааст, ки аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунад. Аммо на ҳамеша ин тарҳҳо муваффақ будаанд. Аз ҷумла, тарҳи саросарии «Чакомаи гесӯ» ба назари таҳлилгарон талоше барои мубориза ба густариши ҳиҷобпӯшии занон рӯи даст гирифта шуд. Аммо усули баргузории ин барномаҳо ва аз ҳама муҳим тафаккури вомонда аз низоми коммунистии раҳбарон боис мешавад, ки ин чунин тарҳҳо дар миёни ҷомеъае, ки таваҷҷӯҳ ба таҳаввулот ва навгароӣ дорад, истиқболи густарда пайдо накунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG