Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Далеле дар даст нест, ки Расуловро тоссарҳо куштаанд"


Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН

Маҳмадалӣ Ватанов рӯзи ҷумъа аз ҷараёни сафараш ба Санкт- Петербург дар порлумон гузориш дод.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон мегӯяд, раванди ташхис ва тафтишоти парвандаи Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷик собит мекунад, ки сари ӯ бурида нашуда, балки сӯхтааст.

"ҶИНОЯТ ВАҲШИЁНА ВА САНГДИЛОНА СУРАТ ГИРИФТААСТ"

Ҷаноби Ватанов, ки пас аз сафар ба шаҳри Санкт - Петербурги Русия дар ҳузури вакилони парлумони Тоҷикистон нисбати қазияи куштори Бахтиёри ҷавонмарг гузориш медод, гуфт, «аз сӯҳбат бо муфаттиши парвандаи Бахтиёр Расулов ва натиҷаҳои ташхис ва аксҳои гирифташудаи автомошинаи вай, ки оташ зада шудааст, фикри шахсии ман бар ин аст, ки сари вай сӯхтааст. Чун ин ҷиноят хеле ваҳшиёна ва сангдилона сурат гирифтааст.»

Парлумони Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон

Ин дар ҳолест, ки дар расонаҳо ишора ба сари буридаи Бахтиёр Расулов ва то ҳол ёфт нашудани ин қисми бадани вай матлабҳо ба нашр расидааст. Ҳатто як нафар бо номи Вазирбек, матлаберо дар матбуоти Тоҷикистон мунташир карда ва гуфта буд, ки «сари буридаи бародарам дар дасти ман аст, аммо ҷасади ӯро ба ман намедиҳанд.»

Ин буд, ки пас аз ироаи гузориши Маҳмадалӣ Ватанов ба ӯ дар ин бора суол шуд. Ҷаноби Ватанов дар посух он гуфт, ки ин ҷиноят соли гузашта дар Маскав шуда буд ва рабте ба куштори Бахтиёр Расулов надорад.

Аммо Маҳмадалӣ Ватанов, ба дасти тоссарҳо ва ё скинхедҳо кушта шудани Бахтиёр Расуловро рад кард ва афзуд, ки «ҳеҷ гуна нишонаи ба дасти скинхедҳо сурат гирифтани ин ҷиноят дар дасти тафтишот нест. Балки ин ҷиноят бар асоси ҷанбаҳои маишӣ ва хусумати хонаводагӣ, аз сӯи бародари хонумаш, ки рус буда ва шаш моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудааст, иттифоқ афтодааст.»

Бо ин ҳам ба гуфтаи Ватанов, то ҳол омилони ин ҳодиса дастгир нашудаанд ва муфаттиши парванда ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни бозрасӣ, аз ироаи бештари ҷузъиёт худдорӣ мекунад.

​Аз сӯи дигар бархе аз вакилон дар мавриди амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Санкт - Петербург ба парвандаи куштори Бахтиёр Расулов пурсиданд, ки Маҳмадалӣ Ватанов дар посух гуфт, «ҳам муфаттиши парванда ва ҳам мақомоти раёсати корҳои дохилӣ ва додситонии вилояти Санкт-Петерург алоқаманди он ҳастанд, ки ҳар чӣ зудтар омилони аслии ин куштор ёфт ва муҷозот шаванд.




Ба ин далел Маҳмадалӣ Ватанов, бар ин бовар, аст, ки ин қазия ҳалли ниҳоии хешро пайдо хоҳад кард ва омилон ҷазояшонро хоҳанд гирифт.

Аммо он чӣ мояи нигаронии пайвандони Бахтиёри ғурамарг шудааст, ин аст, ки то ҳол ҷасади ӯ ба хешовандон дода нашудааст.

Бахриёр Расулов

Бахриёр Расулов

Бахши дигари гузориши ҷаноби Ватанов ба ошноияш бо вазъи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт - Петербург рабт гирифт, ки ин мақоми парлумони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бояд иқдомоте дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи забондонии муҳоҷирон ва заминаҳои қонунии буду бошӣ онҳо дар хориҷи кишвар иттихоз шавад.

Аммо бо ин ҳам Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ба тозагӣ аз Русия баргаштааст, мегӯяд, оморҳои расмӣ аз ба маротиб коҳиш ёфтани мавориди нақзи қавониин тавассути муҳофирони тоҷик шаҳодат медиҳад. Ҷаноби Девонаев, гуфт, «агар дар нӯҳ моҳи соли 2010 нисбати шаҳрвандони мо дар Федератсияи Русия 230 ҳазор парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, пас ин рақам дар соли ҷорӣ 106 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне ин рақам аз он далолат медиҳад, 54 дар сад мавориди доштан ва парвандаҳои маъмурӣ кам шудааст.»

МУҲОҶИРАТ--САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТ?

Афзун бар ин, ба таъкиди ҷаноби Девонаев, мавориди берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар як соли ахир аз қаламрави Русия 35 дар сад коҳиш ёфтааст.

Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Бо ин ҳам Сафиаллоҳ Девонаев, надонистани забони русӣ тавассути муҳоҷирон, душворӣ дар дарёфти патент ва ташхиси тиббиро аз мушкилоте барои шаҳрвандон-муҳоҷирони тоҷик унвон кард ва гуфт, иқдомоте барои рафъи ин мушкилот рӯи даст аст.

Дар ҳоле, ки артиши беш аз 1 миллион нафараи муҳоҷирони тоҷик дар рӯ ба рӯи мушкилоти фаровоне қарор дорад ва гузоришҳо аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ба хусус дар як моҳи ахир ҳикоят мекунад, Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки раванди муҳоҷират бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумат бошад.»

Пас дар ин сурат таҳлилгарону коршиносон мегӯянд, Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то барои ҳимояи ҳуқуқ манфиатҳои шаҳрвандони худ дар хориҷи кишвар, ба хусус Русия иқдомҳои ҷиддиеро рӯи даст бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳоло дар Укроин қарор дорад ва интиҳои сафараш Русия аст, ки имкони баҳсу баррасӣ ва матраҳ кардани мавзӯи муҳоҷирони тоҷик ва дигар аз масоили муҳим барои Тоҷикистон бо ин шарики стратегиаш фароҳам хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG