Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба узвияти СҶТ даромад


Ҳайати Русия дар ҷаласаи СҶТ

Ҳайати Русия дар ҷаласаи СҶТ

Рӯзи ҷумъа Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баъд аз 18 соли музокира Русияро ба узвияти ин созмон пазируфт. Русия дар мулоқоти вазирон дар Женева дар ин бора даъватномаи расмӣ дарёфт кард. Русия охирин кишвари бузурги иқтисодӣ буд, ки берун аз ин созмон монда буд. Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, Русия аз узвият дар ин созмон суд мебарад:

“Русия ба узвияти ин созмон бо назардошти шароите медарояд, ки ба манофеи миллиаш ҷавобгӯ бошад. Шароит барои беҳбуди фаъолиятҳои тиҷоратӣ, вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ, афзоиши содироти Русия ҳамзамон бо ҳимоят аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии мо фароҳам меояд”.

Русия аз соли 1993 барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат талош мекард, вале музокироти узвият ба таъхир меафтод.
XS
SM
MD
LG