Пайвандҳои дастрасӣ

10 нафар эътирозгарон дар Қазоқистон кушта шудаанд


Додситонии кулли Қазоқистон мегӯянд, ҳангоми задухӯрд бо эътирозгарон дар шаҳраки Жаноазен дастикам 10 нафар кушта шудаанд. Дар ин шаҳрак аслан коргарони нафт ба сар мебаранд. Садҳо нафар коргарон дар назди бинои ширкати давлатии КазМунайГаз барои боло бурдани дастмузд ва беҳбуди шароити корӣ даст ба эътироз зада буданд. Тақрибан 1000 нафар коргар аз кор ронда шудаанд, вале эътирозҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG