Пайвандҳои дастрасӣ

9 намозгузори масҷиди Туркобод боздошт шудаанд


Додситони ноҳияи Ваҳдат 9 нафар намозгузорони масҷиди деҳаи Туркободро ба иттиҳоми нақзи муқаррароти намозгузорӣ дар ин масҷид барои даҳ рӯз боздошт кардааст. Наим Ҳасанов-муовини додситони ноҳияи ин боздоштҳоро таъйид кардааст. Абуалӣ-бародари як боздоштшуда ба радиои Озодӣ гуфт, ин 9 нафарро барои риоят накардани муқаррарот ва барои ҷарима бастан боздошт карда буданд. Бо вуҷуди ин ки ҷарима пардохт шудааст, бародари вайро раҳо намекунанд:

“Бо моддаи 360 барои риоят накардани тартибот даҳ рӯз боздошт карданд, то 24 уми декабр”.

Аммо ин манбаъ мегӯяд, мулоқоти хешовандон бо боздоштшудагонро мамнӯъ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран муносибати Кумитаи дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон бо хонаводаи Тураҷонзодаҳо сард шудааст ва бо дастуре се моҳ намозгузорӣ дар масҷиди Тураҷонзодаҳо дар Туркобод мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG