Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 9 намозгузори масҷиди «Муҳаммадия»


Масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат

Масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат

Нӯҳ намозгузори масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия»-и ноҳияи Ваҳдат барои 10 рӯз боздошт шудаанд.

Додситони шаҳри Ваҳдат онҳоро ба нақзи қонун айбдор кард. Гуфта мешавад, ин афрод рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми боздиди намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз ин масҷид боздид бо рафтор ва нидоҳои худ ба “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” роҳ додаанд.

Наим Ҳасанов, муовини додситони шаҳри Ваҳдат, ки масъули парвандаи даъвои хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аст, боздошти намозгузорон бо ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар заминаи ин ҳодиса аз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода баёноти хаттӣ гирифтааст.

Як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки худро Абӯбакр муаррифӣ кард гуфт, ки пайвандони онҳоро мақомот бо ваъдаи танҳо ситонидани ҷарима ба идораи пулис бурданд, аммо се рӯз боз онҳоро ҷавоб намедиҳанд. Дар ин муддат хешу табор иҷоза надоранд бо наздикони худ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд.

«Бародари ман 23 сол дорад. Аз суд занг заданд, ки тибқи модаи 460 барои бетартибӣ дар ҷомеа 10 рӯз ҳабс карда мешавад, дигар надидемаш ва интизорем, ки озод шаванд. Чи кор кунем дигар, хӯрокша мебарем.»

Ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, ки бародарзодаи 41-солаашро шабона аз хонааш ба идораи пулис бурдаанд.

«Аввал аз онҳо баёнот мегиранд, баъд ба шаб ба шӯъбаи амният мебаранд. Баъдан боз ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд, мепурсанд, баъд ҷавоб медиҳанд. Аммо мегӯянд, ки рӯзи дигар оед, суд меравем ҷарима мекунем. Рӯзи дигар рафтанд, дигар барнагаштанд ва суд гуфтааст, ки барои ҳуқуқвайронкунии маъмури 10 рӯз ҳасб мешавед.»

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 9 декабр, ки аз масҷиди «Муҳамаддия» бармегашт, дар сӯҳбат бо Озодӣ, тасдиқ карда буд, ки ҷавонҳои тақрибан 20-сола хунгармона ҳаёҳуй карданд.

«Онҷо тақрибан 20-25 нафар ҷавонҳои хурдсол, ки на дурандешӣ доранд ва гузаштаро дидаанд ва на ояндаро дидан мехоҳанд, ҳаёҳӯи зиёд карданд, гуфтем бошад, масҷидро тарк кардем. Онҳо аз мо хостанд, ки Шумо ин ҷоро тарк кунед, мо тарк кардем ва омадем. Модом, ки меҳмондорон меҳмононро мегӯянд, ки ин ҷоро тарк кунед, мо чӣ ҳам мекардем.»

Баҳси байни Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон аз баёнияи танқидии Шӯрои уламо сар шуд, ки дар он хонадони Тураҷонзодаҳо ба баргузории маросими Ошӯро муттаҳам шудаанд. Шӯрои уламо аз Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, агар тағйири мазҳаб карда бошанд, масҷидро аз нав номнавис кунанд. Аммо Тураҷонзодаҳо пайравии худро аз мазҳаби шиа рад карданд ва гуфтанд, ки ёдоварӣ аз қатли набераи паёмбари ислом ҳеҷ монандие ба Ошӯрои шиаҳо надошт.

Ба дунболи ин баҳс, Кумитаи дин баргузории намози ҷумъа дар масҷиди “Муҳаммадия”-ро барои се моҳ манъ ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро бо бародараш Маҳмудҷон Тураҷонзода аз имоматӣ барканор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG