Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди пулис бо эътирозгарон дар Қоҳира


Фаъолони ҳуқуқ дар Миср мегӯянд, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ дар задухӯрди миёни эътирозгарони зидди ҳукуматӣ ва нируҳои пулис 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Эътирозкунандагон ба сӯи пулис сангандозӣ кардаанд ва мошинҳоро ба оташ кашидаанд. Пулис ба сӯи онҳо оташ кушодааст то 300 нафар тазоҳуркунандаро пароканда созад. Эътирозкунандагон 3 ҳафта дар назди даромадгоҳи бинои ҳукумат нишастаанд ва нахуствазир Камол ал Ганузиро нагзоштаанд вориди бино шавад. Ганузӣ аз давраи Ҳуснӣ Муборак ин мақомро ӯҳдадор буд ва вайро бахше аз режими қаблӣ мешиносанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG