Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ниҳоди амниятӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд


Генерал Мурат Суталинов
Генерал Мурат Суталинов
Генерал Мурат Суталинов-раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ғайричашмдошт рӯзи чаҳоршанбе ба толори мурофиаи додгоҳӣ ворид шуд ва вайро боздошт карданд. Дар толор мурофиаи додгоҳии вай дар ғиёбаш идома дошт. Ҳоло вай ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Суталинов 48 сола аст ва аз соли 2006 то соли 2010 раҳбарии ниҳоди амниятии кишварашро бар ӯҳда дошт. Баъд аз суқути Қурмонбек Боқиев вай ғайб зад. Турсунбек Акун-омбудсмени Қирғизистон бар зидди ҳабси хонагии Суталинов изҳори назар кард. Даҳҳо нафар хешовандони кушташудагон дар тазоҳуроте дар Бишкек тақозо карданд, ки Суталинов ба зиндон кашонда шавад.
XS
SM
MD
LG