Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Толибон"-и бадахшӣ ришашонро тарошиданд


Баъд аз хатми наворбардории як филми синамотографҳои фаронсавӣ бо номи “Нируҳои вижа” дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон акнун 50 нафар сокинони маҳаллӣ, ки барои бозидани нақши Толибон риш монда буданд, риши худро тарошидаанд ва дар ҷустуҷӯи кор ё ба Русия мераванд ва ё дар сохтмонҳои Тоҷикистон кор меҷӯянд. Бунёди Муҳаммадрозиқ яке аз онҳост. Вай мегӯяд:

“Дар хона кӯдак дорам. Шароит вазнин. Мерам дар Роғун кор мекунам. Онҳое, ки бекор буданд, баъзеҳо Маскав рафтанд, баъзеҳо Роғун. Чанд нафари дигар ҳоло бекор”.

Ҳоло филми “Нируҳои вижа” дар баъзе аз кишварҳо ба намоиш даромадааст, вале дар Тоҷикистон онро танҳо дар сафҳаҳои интернетӣ тамошо мекунанд.
XS
SM
MD
LG