Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҷумъаи хунин” дар Жанаозени Қазоқистон нигаронии бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбиро ба бор овардааст.

Кетрин Эштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, аз кушта шудани 11 даҳ тан дар ҳодисаи Жанаозен изҳори ташвиш намуд. Вай гуфт, умедвор аст, ки мақомоти Қазоқистон ин ҳодисаро ба таври одилона таҳқиқ карда ва роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо хоҳанд кард.

Раҳбари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва вазири умури хориҷии Литва -- Аудронюс Аҷубалис низ дар ҳамин иртибот нигаронии худро баён доштааст.

Бар асари бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозени Қазодистон 11 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет гуфта шудааст, ки теъдоди қурбониён бештар аст. Рӯзи ҷумъа бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсаро, идораи ширкати "Озенмунайгаз" ва чандин мошин сӯзонда шуданд.

Рӯзи 17 декабр Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар шаҳри Жанаозен барои 20 рӯз вазъи фавқулодда эълон кард.

Холмуҳаммад Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон, гуфт, ки бенизомиҳоро дар Жанаозен кормандони бар асари коршиканӣ ихроҷшудаи ширкати нафти "Озенмунайгаз" ташкил кардаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли вазир навиштааст, ки тазоҳурот саркӯб шуда, вазъ дар шаҳр ба эътидол омадааст ва дар майдон касе нест.

Баъд аз шурӯи бенизомиҳо, ба шаҳр теъдоди зиёди кормандони полис ва зиреҳпӯшҳо фиристода шуд. Полис аз силоҳ ва гази ашковар истифода бурда ва 70 нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳаводис боздошт кардааст.

Имрӯз мухолифини Қазоқистон талаб карданд, ки барои тафтиши пурра ва воқеъбинонаи ҳаводиси шаҳри Жанаозен комиссиюни махсус ташкил шавад. Онҳо ҳамчунин хостори қатъи муҳосираи иттилоии ҳаводиси Жанаозен ва эҳёи фаъолияти сомонаҳои интернетӣ шуданд.

ОМОРИ ЗИДДУНАҚИЗИ ШУМОРАИ КУШТАШУДАГОН

Дар ҳоле, ки мақомоти қазоқ шумораи кушташудагонро11 нафар гуфтаанд, манобеи мустақил онро 70 нафар тахмин мезананд.

Вазири умури дохилии Қазоқистон Холмуҳаммад Қосимов гуфтааст, бар асари ин беназмиҳо 11 нафар кушта, 80 тан захмӣ ва 70 каси дигар боздошт шудаанд. Ҳамзамон 75 тани дигар ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин мақоми қазоқ ҳамчунин гуфтааст, ки 6 маъмури интизомӣ низ осеб дидаанд, ки вазъи яке аз онҳо вахим мебошад.

Ин гузориши мақомоти расмии қазоқ дар ҳоле садо медиҳад, ки расонаҳои мустақил аз омори бештари қурбониён хабар медиҳад. Аз ҷумла «Русская служба новостей» шумораи кушташудагони нооромиҳои Жанаозеро 70 нафар бароварда мекунад. Ин манбаъ аз қавли Айнур Курманов, раҳбари ҳаракати сотсиалистии Қазоқистон мегӯяд, ки дар ин нооромиҳо ҳамчунон 3 корманди интизомӣ кушта ва 500 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Оқои Курманов ҳамчунин гуфтааст, ки мақомоти қазоқ дар ҳоли ҳозир алайҳи ширкаткунандагони эътирозҳои рӯзи ҷумъа парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон хостааст, дар барқарокунии субот дар шаҳри Жанаозе меъёрҳои ҳуқуқи башарро риоя намуда ва таҳқиқоти мунсифона анҷом диҳанд. Ҳамзамон Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид низ аз мақомоти қазоқ хостааст, ки ба ҳодисаи нооромиҳо дар Жанаозе дар зудтарин фурсат расидагӣ кунанд.


Беназмиҳои рӯзи ҷумъа дар ҳоле шурӯъ шуд, ки як гурӯҳи мардум ба маросими идона дар Жанаозен ҳамла карда, саҳнаи консертӣ ва юртаҳоро дар ҷашнгоҳ тахриб намуд ва биноҳоро оташ зад.

Мӯътаризон маъмурони пулисро лату кӯб намуда арчаи солинавӣ ва як автобуси дар майдон бударо низ ба оташ кашиданд. Ба гуфтаи расонаҳо, дар дасти ҳамлагарон ба ҷуз калтаку лулаҳои пластикӣ, ҳамчунон зарфҳои шишагии пур аз сӯзишворӣ низ будааст, ки дар натиҷа панҷ корманди пулис ҷароҳатҳои вазнин бардошт ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин расонаҳо менависанд, ҳамлаварон коргарони собиқи ширкати нафти "Озенмунайгаз" будаанд, ки моҳи ҳафтум аст, бо талаби афзоиши дастмузд ва беҳбуди шароити кор дар маркази Жанаозен тазоҳурот мекарданд.

Як рӯз пеш аз беназмиҳо онҳо аз омода шудани майдони марказии шаҳр ба ҷашн тариқи матбуот изҳори норозигӣ карданд ва талаб доштанд, ки юртаҳо аз майдон бардошта шаванд. Дар сӯҳбатҳои телефонии Радиои Озодӣ, бархе аз ширкаткунандагони бетартибиҳои умумӣ гуфтанд, ҳукумати шаҳрро пешакӣ ҳушдор дода буданд, ки эътироз хоҳанд кард. Нафткаши собиқ Урозбой Турсунбоев гуфт, "аммо ин нооромиҳо танҳо ба коршиканҳо бастагӣ надорад. Мо огоҳ карда будем, ки косаи сабри мардум кайҳо пур шудааст."

Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, ҳамлагарон бинои мақомоти иҷроияи маҳалӣ ва меҳмонхонаи "Аруана"-ро низ ба оташ кашидаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як гурӯҳ одамон барои гузаштани мошинҳои оташхомӯшкунӣ монеа эҷод кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG