Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯришиён ба нируҳои артиши Покистон ҳамла бурданд


Мақомоти маҳаллии Покистон мегӯянд, шӯришиён дар роҳи ҳаракати корвони нируҳои артиши Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон бамеро мунфаҷир сохтанд. Ин инфиҷор боиси оғози даргирӣ шуд ва дар он як сарбоз ва 20 шӯришӣ кушта шуданд. Воҷидхон гуфт, ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар деҳаи Ханкӣ воқеъ дар минтақаи қабиланишини Оракзаи боло рух додааст. Ба гуфтаи вай, нируҳо дар ҷавоб ба оташ шӯришиёнро муҳосира кардаанд ва 20 нафарро куштаанд. 25 сарбоз низ захмӣ шудаанд. Дар ин минтақа Толибони покистонии вафодор ба фармондеҳ Ҳикматуллоҳ Месҳуд зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG