Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар Қазоқистон бо коргарон вориди даргирӣ шуд


Додситонҳои Қазоқистон мегӯянд, дастикам ду нафар кормандони пулис дар шаҳраки Жаноазен ҳангоми задухӯрд бо эътирозгарон ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин шаҳрак аслан коргарони нафт ба сар мебаранд. Бино ба маълумоти таъйиднашудаи фаъолони ҳуқуқи коргарон, шояд аз тири пулис баъзе аз тазоҳуркунандагон кушта шуда бошанд. Садҳо нафар коргарон дар назди бинои ширкати давлатии КазМунайГаз барои боло бурдани дастмузд ва беҳбуди шароити корӣ даст ба эътироз зада буданд. Тақрибан 1000 нафар коргар аз кор ронда шудаанд, вале эътирозҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG