Пайвандҳои дастрасӣ

Аз даъват ба Ҷоми Аврупо то 7 медал аз Тошканд


Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Украина ҳини дидор аз Маҷмаи варзишии "Олимпӣ" дар шаҳри Киев.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Украина ҳини дидор аз Маҷмаи варзишии "Олимпӣ" дар шаҳри Киев.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012 даъват шудааст..

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафари худ ба Укроин ҳамроҳ бо Виктор Янукович, ҳамтои укроинии худ, Маҷмааи варзишии навсозишудаи “Олимпӣ”-ро дар шаҳри Киев тамошо карданд, ки бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар он сурат мегирад.

Варзишгоҳи мазкур дар масоҳати бештар аз 145 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва барои беш аз 70 ҳазор тамошогар ҷой дорад.

Виктор Янукович, ҳамчунин, ба Эмомалӣ Раҳмон тӯби футболро бо акси Маҷмааи варзишии ”Олимпӣ” тӯҳфа кард.

Ёдовар мешавем, ки сабқати ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012 дар Укроин ва Лаҳистон баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқа 8-уми июн дар Варшава оғоз меёбад ва бозии ниҳоӣ 1-уми июл дар Киев баргузор мешавад.

Ҳафт медали варзишгарони тоҷик дар Тошканд

Варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии бокси тайландӣ ё муай-тай миёни ҷавонону наврасон дар шаҳри Тошканд ҳафт медал ба даст оварданд.

Нуриддин Саидов дар вазни 67 кг ва Нусратуллоҳ Ғайратов дар вазни 63 кг медалҳои тилло гирифтанд. Одил Фозилов (57 кг) ва Диловар Носиров (86 кг) бо медалҳои нуқра, Парвиз Зайдуллоев (75 кг), Ҷамшед Шарифов (60 кг) ва Шоҳини Шамсиддин (71 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Нахустин қаҳрамонони бадминтони Тоҷикистон

Нахустин мусобиқаи қаҳрамонии бадминтони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Хушнуд Катаеви душанбегӣ се медали тилло ба даст овард. Вай нахуст дар сабқати мардон дар рақобати яккаса ғолиб шуд ва баъдан дар сабқати ҷуфти мардона бо ҳамдастааш Саидакбар Давлатов мақоми аввалро касб кард. Медали сеюми тиллоиро Хушнуд дар ҳисоби дастаӣ соҳиб шуд.

Дар сабқати занон дар рақобати яккаса Рухшона Нарзуллоеваи душанбегӣ ғолиб омад. Дар қувваозмоии ҷуфти занона Нилуфар Ёқубова ва Зулфира Гургулиева, ҳарду аз вилояти Хатлон, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Дар сабқати ҷуфти омехта Азизҷон Мирзобоев (вилояти Суғд) ва Сулҳияи Саидбек (Душанбе) пирӯз гардиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG