Пайвандҳои дастрасӣ

«Толибон»-и бекор ба Роғун мераванд


Дар рӯзҳои наворбардорӣ

Дар рӯзҳои наворбардорӣ

Ҷавонони зиёде, ки то дирӯз дар Хоруғ бо ришҳои дароз мегаштанд, аз баҳри риш гузаштанд.

Ришу мӯйи дароз то дирӯз барои онҳо муҳимтарин бартарӣ буд, зеро ризқашон меовард ва ду-се тан аз ин 50 нафар, ки дар филми синамогарони франсуз "Нирӯҳои вижа" нақши толибонро бозидаанд, дар интизори банаворгиии филми навбатӣ риши худро ҳифз кардаанд. Бақия ришу мӯйи дарозро тарошида, роҳи Русияро дар пеш гирифтаанд, ё ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кор мекунанд.

Бунёд Мамадрозиқов, яке аз «толибон»-и бекормонда, мегӯяд, вай низ риши худро тарошид ва ба хотири дур наафтодан аз хонаводаашон тасмим гирифт, ки барои кор ба Роғун равад ва медонад, ки дар он ҷо на риши дароз, балки ҳунари кафшергариаш ба кор хоҳад омад.


Филми «Нирӯҳои вижа» ба наздикӣ дар чанд кишвар ба намоиш даромад, аммо дӯстдорони филмҳои моҷароӣ дар Тоҷикистон онро аз шабакаи интернетӣ дастрас кардаанд. Ин асар айни ҳол он ба яке аз пурбинандатарин филмҳои ҷавонони Бадахшон табдил ёфтааст.

Бунёд мегуяд, ки тамошогарон филмро шавқовар ва диданӣ дарёфтанд. Аммо вай ба ҳайси нафаре, ки дар филм нақш офаридааст, бар ин назар аст, ки «толибон»-и маҳаллӣ натавонистаанд, ваҳшатафкании толибони ҳақиқиро дар шакли комил ба намоиш гузоранд.

Достони филм ба амалиёти раҳоии журналисти фронсавӣ ва роҳбалади ӯ аз асорати Толибони Афғонистон асос ёфтааст. Нақши асосиро дар филм ҳунарпешаи Ҳолливуд Диана Крюгер бозидааст. Саҳнаҳои филм дар Фронса ва ноҳияҳои Бадахшон наворгирӣ шудаанд. Коргардон Стефан Рибоджа мегӯяд, комёбии филм ба таҳияи тарҳи нави марбут ба ҷанги Афғонистон роҳ хоҳад кушод ва ӯ боз ба манзараи зебои минтақа ва ҳунармандони маҳаллӣ рӯ хоҳад овард. Аммо ин фурсати зиёде хоҳад хост ва маълум нест, то он вақт риши ҷавононе, ки интизор мондаанд, чӣ қадари дигар дароз хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG