Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тарҳи қатъномаро дар Шӯрои Амнияти СММ тақсим кард


Шӯрои Амнияти СММ
Шӯрои Амнияти СММ
Русия дар Шӯрои Амният ба 14 узви дигари ин шӯро пешнависи қатъномаи наверо тақсим кард. Дар он гуфта мешавад, ки ба Сурия бояд фишор овард, то барои қатъи хунрезӣ тадобири зарурӣ андешад. Намояндагони кишварҳои ғарбӣ матни қатъномаи пешниҳодии Русияро барои қатъи хунрезӣ кофӣ намедонанд ва мегӯянд, ки мехоҳанд роҷеъ ба он бо Маскав музокира кунанд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар вокуниш ба ин матн гуфт:

“Умедворем, ки мо бо Русия кор мекунем, зеро бори аввал аст, ки ҳадди ақал зарурати рафтани ин масъала ба Шӯрои Амниятро эътироф мекунад. Мо фақат дар бораи тарзи бархӯрд ба масъала ихтилофи назар дорем, вале умед дорем, ки бо онҳо кор мекунем”.

Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ гуфт, дар қатънома дархост шудааст, ки ба хушунат дар Сурия хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG