Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон мегӯяд, ниругоҳи Фукушимо зери контрол даромадааст


Рӯзи ҷумъа Ҷопон ба таври расмӣ эълон кард, ки ниругоҳи харобшудаи ҳастаии Фукушиморо комилан зери контрол даровардааст. Бад-ин тариқ Ҷопон ишора кардааст, ки бӯҳрон ба поён расидааст. Ёшиҳико Нода-нахуствазири Ҷопон дар мулоқоти гурӯҳи рафъи бӯҳрони ҳастаӣ гуфт, ки реакторҳо ҳоло бо меъёри давлатӣ барои бастан сард шудаанд ва зери контрол даромадаанд. 9 моҳи қабл дар натиҷаи зилзила ва сунамӣ ин ниругоҳ осеб дид ва обу муҳити атроф бо ташаъшуъ олуда шуд.
XS
SM
MD
LG