Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико аз Туркия боздид мекунад


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта-вазири дифои Амрико имрӯз машғули боздид аз Туркия аст, то муносиботи қаввии Вошингтонро бо муттаҳиди калидии Амрико дар минтақа таъйид кунад. Вай дар мулоқот бо Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия нооромиҳои ахир дар Ховари Миёнаро баррасӣ мекунад. Дар натиҷаҳи тазоҳуроти эътирозии мардумӣ дар ин минтақа чанд раҳбари худкома, ки муддатҳои тӯлонӣ дар сари қудрат буданд, аз мақом барканор шуданд. Дар мулоқот вазъ дар Сурия низ баррасӣ мешавад. СММ тахмин мезанад, ки дар давоми 9 моҳи эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар ин кишвар 5 000 нафар кушта шудаанд. Панетта аз Бағдод вориди Туркия шуд.
XS
SM
MD
LG