Пайвандҳои дастрасӣ

Ба навиштаи як расонаи хориҷӣ, Ҳинд дар ҳамкорӣ бо Русия аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" истифода мебарад.

Матлаби нашршуда дар сомонаи World Politics Rewiew дар мавриди оғози истифодаи Ҳинд аз пойгоҳи Айнӣ, воқеъ дар 15 км ғарби шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, вокунишҳои мухталиферо дар пай овард.

Ин расона бо такя ба як мақоми ҳиндӣ, ки дар навсозии фурудгоҳи «Айнӣ дар Тоҷикистон ширкат доштааст, дар бораи вуҷуди чунин тавофуқи ғайриошкоро байни Душанбеву Маскав ва Деҳлии нав хабар медиҳад. Ба навиштаи нашрия, Ҳинд барои бозсозии пойгоҳи ҳавоии айнӣ қариб 70 миллион доллар харҷ карда, акнун метавонад аз имконоти ин фурудгоҳ барои пӯшиши шимоли Афғонистон ва ҳатто шимолу Покистону ғарби Чин истифода кунад. Аммо муаллиф меафзояд, Душанбе зоҳиран ба далели ҳассосияти масъала барои Пекину Исломобод, аз шарҳи он худдорӣ мекунад.

Баҳси ба кӣ расидани пойгоҳи Айнӣ аз чанд сол ба ин сӯ, бахусус дар матбуот, идома дорад. Ин дар ҳолест, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ҳам гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба ҳеҷ кишваре дар бораи истифода аз ин фурудгоҳ қарордод имзо накардааст.

Пас чанд чархболу ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳи Айнӣ мустақар шудаанд, марбут ба кист? Фаридун Маҳмадалиев дар посух ба ин суоли РО гуфт, «ҳама чиз аз ҷумла чархболу ҷангандаҳое, ки дар фурудгоҳи «Айнӣ» мустақар аст, моли Тоҷикистон аст, на дигар кишварҳо.»

Бо ин ҳол, Юрий Биалӣ, коршиноси масоили стратегӣ дар Русия ҳамкории Ҳинду Русия ва Тоҷикистон дар шароити феълиро мумкин медонад. Ба эътиқоди вай, дар сиёсатҳои геополикӣ мавзеъгирӣ ва шарикиву ҳамкориҳои тозае сурат мегирад. Вай афзуд, «истиқрори чархболу ҷангандаҳои Ҳинд дар ҳамкорӣ бо Русия дар Тоҷикистон натиҷаи ҳамин таҷдиди назар дар сиёсати геополитикӣ аст.»


Ба гуфтаи Юрий Биалӣ, масоиле, чун хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон, нооромиҳо дар кишварҳои арабӣ ва муносибати ҳамчунон бади Амрикову Ғарб бо Ирон иттихози дидгоҳҳои ҷадидро тақозо мекунад ва Душанбеву Маскаву Деҳлии навро, ки дар гузашта собиқаи ҳимояти муштарак аз Эътилофи Шимол дар Афғонистонро доштанд, метавонанд дигарбора дар як меҳвар биорад.

Аммо қаблан Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон бо сароҳат гуфта буд, ки «дар масъалаи истифодаи фурудгоҳи низомии «Айнӣ» музокирот танҳо бо Русия ҷараён дорад» ва як мавзӯъи ин музокирот пули иҷораест, ки Душанбе дар ивази ин пойгоҳ аз Маскав мехоҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG