Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МН: Тошканд "муҳосираи иқтисодӣ" роҳандозӣ кардааст


Парлумони Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муроҷиат ба парлумони Узбакистонро бо иттифоқи оро тасвиб кард.

Нуктаи муҳими ин паём, изҳори нигаронии вакилон аз “муҳосираи иқтисодӣ”-и ду вилояти Тоҷикистон мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки ба иллати тахриб шудани қисмати «Ғалаба — Амузанг» - и роҳи оҳани Тирмиз - Қӯрғонтеппа дар қаламрави Ӯзбакистон 320 вагони ҳомили 24 ҳазор тонна маводи ниёзи аввалия банд мондаанд: «Аз ҷумла кӯмакҳои башардӯстона барои аҳолии камбизоат дар фасли зимистон, маводи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, таҷҳизот, хӯрокворӣ, сарулибос, борҳои
Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН
Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН
нишоят муҳим барои нерӯҳои зиддитеррористии эътилофи байнулмилал ва аҳолии шимоли Афғонистон, инчунин мавод ва таҷҳизот барои ширкатҳои Эрон, Туркия, Ҷопон ва дигар давлатҳо, ки дар Тоҷикистон иншоот месозанд, банд шудаанд. Воқеияти ҳол ин аст, ки вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доранд.»

Ҳаракати қаторҳо дар роҳи оҳани Тирмиз- Қӯрғонтеппа аз 16-уми ноябр қатъ шудааст. Мақомоти «Ӯзбекистон темир йуллари» - ширкати роҳҳои оҳани Ӯзбакистон он замон эълон дошта буд, ки як пули дар қитъаи «Ғалаба -Амузанг» бар асари «амали террористӣ» тахриб шудааст.

Дар муддати як моҳ Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбаки худ пешниҳод кардаанд, ки барои ҳалли мушкил як кумиссиюни вижа ташкил шавад ва ҳам ин ҷониб омода аст, тармими пулро ба зимма гирад. Ба қавли онҳо, ин кори ҳатто як ҳафта нест. Ҷониби Ӯзбакистон дар посух ба Тоҷикистон истифодаи роҳи Қудуқлиро, ки ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мебарад, пешниҳод карда, аз посух ба ибтикорҳои дигари Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Ба қавли Шукурҷон Зуҳуров, ба хотири ҳалли қазия сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳам ба ҳукумати Ӯзбакистон ду нома фиристодааст, ки низ бепосух мондаанд. Вай афзуд, то ба ҳол иқтисодиёти Тоҷикистон аз ин вазъ миллионҳо сомонӣ хисорот дидааст.
Тахриби роҳи оҳани 218 километраи Тирмиз-Қӯрғонтеппа бори аввал нест. Соли гузашта ин роҳ ба далели “шуста шудани як қисматаш ба иллати ҳамлаи сел “ баста шуда буд ва «Ӯзбекистон темир йуллари» дар номае ба «Роҳи оҳани Тоҷикистон” баён дошт, ки ин роҳ аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва беҳтар ин аст, ки баста шавад. Ҷониби Тоҷикистон дар посух гуфт, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:55 0:00
Линки мустақим


Чанде қабл намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба далели тахриби ин роҳ 23 вагони ин созмон, ҳомили 1,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстона низ дар қаламрави Ӯзбакистон банд мондааст.

Дар ҳоле ки ибораи «муҳосираи иқтисодӣ» дар муроҷиати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи расмӣ истифода мешавад, коршиносон мегӯянд, ин муҳосираҳо шурӯъ аз ибтидои солҳои 90- ум ҳамчун аҳроми фишор ба Тоҷикистон аз сӯи Тошканд истифода мешуданд.

Давлати Усмон, коршиноси тоҷик
Давлати Усмон, коршиноси тоҷик
Давлат Усмон, муовини сарвазир дар Ҳукумати муросои миллии соли 1992 мегӯяд: «Ҳамин манъ кардани қаторҳо аз ҳамон вақт шурӯъ шуда буд. Роҳи оҳанро дар чанд нуқта, аз ҷумла дохили Тоҷикистон минтақаи Регар тарконида буданд. Фишор ҳамин тавр баён мешуд. Он замон Тоҷикистон кишваре буд, ки танҳо роҳ тариқи Ӯзбакистон дошт. Ҳоло роҳ ба Афғонистону Қирғизистон вуҷуд дорад. Аммо аз ҳамон вақт камбуди маводи сӯхту хӯрока сахт эҳсос мешуд, зеро танҳо роҳи оҳан тариқи Ӯзбакистон буд.»

Бо омадани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ба сари қудрат, як муддат Ӯзбакистон аз ин шеваи фишор даст кашид, аммо аз соли 1996 ин фишорҳо аз дигар шурӯъ шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, марҳалаи фишорҳои шадид аз ҷониби Тошканд пас аз соли 2000 оғоз мешавад, ки баъд аз вуруди размандагони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба ин кишвар марзҳояшро бо Тоҷикистон минакорӣ кард.

Мояҳои дигари ихтилофи назари Душанбеву Тошканд яке тарҳи нерӯгоҳи Роғун ва дигарӣ фаъолияти ТАЛКО- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон аст. Тошканд бар ин назар аст, ки сохтани Роғун заминҳои кишоварзиии Узбакистонро беоб хоҳад гузошт ва корхонаи алюминсозӣ, ки дар наздикии марзи вилояти Сурхондарё ҷойгир шудааст, ба муҳити зисти манотиқи атроф хатар эҷод мекунад.

Тошканд бо Душанбе дар солҳои охир бар сари пули газ низ чандин бор вориди баҳс шуда, табодули нирӯи барқро бо Тоҷикистон низ чанд сол боз амалан қатъ кардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, фишорҳои иқтисодии Ӯзбакистон рушди Тоҷикистонро ба мушкил дучор кардаанд ва парлумони Тоҷикистон бояд на ба Олий Маҷлис, балки мустақиман ба Ислом Каримов муроҷиат кунад: «Агар Ислом Каримов бо афроди алоҳида дар Тоҷикистон зиддият дошта бошад, мардуми оддӣ чӣ гуноҳ дорад? Кӯдакон ва мӯйсафедон чӣ гуноҳ доранд, ки аз сардӣ мемиранд ва ба маризиҳо мепечанд? Барои чӣ шумо чунин сиёсати номатлубро алайҳи мардуми тоҷик ва халқи Тоҷикистон пеш гирифтаед? Ин масъаларо ҳукумат бояд хеле сахттар гузорад ва гӯяд, ки азбаски илоҷи дигар нест, мо ба Шӯрои амнияти СММ муроҷиат мекунем.»

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири кам кардани таъсири фишорҳои иқтисодии Ӯзбакистон талошҳое анҷом медиҳад, ки ташаннуҷро то ҳадде коҳиш додаанд, аммо мушкилро ба сурати решаӣ то ҳол ҳал накардаанд.
XS
SM
MD
LG