Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири IMF дурнамои иқтисоди ҷаҳониро "тира" хонд


Кристин Лагард, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ “тира” ба назар мерасад ва барои ислоҳи он тамоми кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои дармонда дар бӯҳрони қарзи Аврупо низ бояд иқдом кунанд. Ӯ гуфт: “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир чандон рӯҳбахш нест, балки торик аст. Чашматон ҳарҷо ки наафтад, хатари таназзули иқтисодӣ, рушди кунд, дефитсити бештар аз пешбинӣ, бахусус вазъи нохуби хароҷоти давлатиро мебинед. Ва ин воқеъият дар саросари ҷаҳон аст.“ Кристин Лагард, зимни суханронӣ дар вазорати умури хориҷии Амрико дар Вашингтон ҳушдор дод, ки дар сурати расидагии номуассир ба мушкилоти феълӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ шояд ба хатароти шабеҳи бӯҳрони афсурдакунанда дар соли 1930 рӯ ба рӯ шавад. Кристин Лагард афзуд, тамоми кишварҳои ҷаҳон чӣ фақиру чӣ сарватманд аз ин бӯҳрон эмин нестанд.
XS
SM
MD
LG