Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон иддаъои вазири Амрикоро рад карданд


Гурӯҳи Толибон иддаъҳои Леон Паннета, вазири дифоъи Амрикоро, рад кард, ки гуфт, Амрико дар ҷанги 10-сола дар Афғонистон пирӯз мешавад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфт, нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон "ҳатто як дар сад ба муввафақият ноил нашудаанд", балки ин Толибон ҳастанд, ки дар воқеъ нерӯмандтар мешаванд. Леон Паннета рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон бо арзёбӣ аз амалиётҳои ҷангӣ гуфт, “Нерӯҳои Амрико аз роҳи дуруст ҳаракат мекунанд ва дар ҳоли пирӯзӣ дар ҷанги бисёр сахт ҳастанд.” Амрико то охири сол 33 ҳазор сарбозашро аз Афғонистон берун кашида ва ба омӯзиши нерӯҳои афғон тамаркуз мекунад. Дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор сарбози хориҷӣ мустақаранд ва қарор аст, он кишварро то соли 2014 тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG