Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Виктор Янукович


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни боздиди расмӣ аз Украина бо Виктор Янукович раиси ҷумҳури ин кишвар, мулоқот кард. Ҳарду раҳбар аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина ситоиш кардаанд, ки табодули мол миёни онҳо соли 2010 ба бештар аз 200 миллион доллар расидааст. Виктор Янукович гуфт, қарор аст, ба зудӣ барномаҳои васеъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина барои 8 соли оянда таҳия ва қабул шавад. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои украинии ӯ дирӯз дар ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Киев ширкат карда ва онҳоро ба ҳамкории бештар ташвиқ намуданд. Нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аксаран бо таҷҳизоти тавлиди украинӣ кор мекунанд ва ду генератори нерӯгоҳи Роғун дар ширкати “Турбоатом”-и Украина сохта шудааст. Ду сол пеш миёни Тоҷикистон ва “Турбоатом” дар мавриди таъмини нерӯгоҳи Нораку Роғун бо таҷҳизоти нав қарордоди чандинмиллиондолларӣ имзо карданд.
XS
SM
MD
LG