Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янукович Раҳмонро ба ЕВРО-2012 даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Виктор Янукович ҳамтои украинии худ майдони азими навсозишудаи футболеро дар шаҳри Киев тамошо карданд, ки бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамони футболи Аврупо дар он сурат мегирад. Виктор Янукович дар ин майдон Эмомалӣ Раҳмонро ба тамошои бозии ниҳоии мусобиқоти ЕВРО-2012 давъат намудааст, ки ин мусобиқот 197 рӯз баъд шурӯъ мешавад. Майдони мазкур дар масоҳати бештар аз 145 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва барои беш 70 ҳазор бинанда ҷой дорад.
XS
SM
MD
LG