Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хоҳони тамдиди иҷораи пойгоҳи Озарбойҷон аст


Музокироти Русия бо Озарбойҷон дар мавриди тамдиди иҷораи пойгоҳи радарии Қабаларо идома медиҳанд, ки ҷузъе аз сипари дифоъи мушакии Русия аст. Ҳайъатҳои ду кишвар рӯзи панҷшанбе гуфтугӯро дар бораи ин пойгоҳ идома доданд, ки мӯҳлати иҷораи он аз тарафи Русия соли 2012 хотима меёбад. Пойгоҳи Қабаларо дар замони шӯравӣ дар соли 1985 ба хотири радёбии партоби мушакҳо аз Ховари Миёна ва Ҷанубу Шарқи Осиё сохтаанд ва Русия соли 2002 онро аз Озарбойҷон барои 10 сол иҷора гирифт ва солона барои он 10 миллион доллар мепардозад. Ба гузориши бахши озарии Радиори Озодӣ ҳоло мақомоти Боку мехоҳанд, Русия барои иҷораи ин пойгоҳ ҳаққи бештар бипардозад.
XS
SM
MD
LG