Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенати Амрико буҷаи вазорати дифоъро тасвиб кард


Сенати Амрико, бо судури санаде буҷаи дифоъии Амрико дар ҳаҷми 662 миллиард доллар тасвиб кард, ки аз ҷумла баъзе аз кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ба Покистонро муттавақиф карда ва Бонки Миллии Эронро низ таҳти таҳрим қарор медиҳад. Дар ин санад хоста шудааст, муассисаҳои хориҷие, ки бо Бонки Миллии Эрон ҳамкорӣ мекунанд, таҳти таҳрими Амрико қарор бигиранд. Дар санад ҳамчунин аз ҳукумати Амрико хоста шудааст, ихтисоси кӯмаки 700 миллион долларӣ ба Покистонро боздорад, то замоне, ки Покистон монеъи тавлиди бомбҳои худсохте нашавад, ки алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон истифода мекунанд. Дар ин санад ҳамчунин ба артиши Амрико иҷоза додаанд, муттаҳамон ба тероризмро то замони номуайян дар боздошт нигаҳ доранд.
XS
SM
MD
LG