Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби хешовандони зиндониёни қирғизи гуруснанишин


Ҳудуди 30 нафар аз хешовандони теъдоде аз зиндониёни гуруснанишин дар Қирғизистон дар баробари боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бишкек ҷамъ омада ва аз мақомот хостаанд, талаби зиндониёнро иҷро кунанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, талаби зиндониёни эътирозгар ин аст, ки парвандаҳояшонро бознигарӣ кунанд ва ба азияту шиканҷа дар боздоштгоҳ хотима диҳанд. Ба иддаъои афроди ҷамъомада баъзе аз маҳбусон, ки гуруснашинӣ мекунанд, бегуноҳ зиндонӣ шудаанд. Садҳо нафар аз маҳбусони қирғиз аз рӯзи сешанбе бо талаби беҳтар кардани шароити зиндон ва таъмини ғизои муносиб ба гуруснашинӣ шурӯъ кардаанд. Ҳамин ҳафта Созмони Милал вазъи зиндонҳои Қирғизистонро риққатбор хонд ва аз мақомоти расмӣ хост, вазъро ислоҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG