Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати нафти Озарбойҷон манзилҳоро тахриб мекунад


Чанд тан аз сокинони як маҳаллаи канори шаҳри Боку баъд аз бархӯрд бо кормандони ширкати давлатии нафти Озарбойҷон маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, бархӯрд рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки сокинони маҳаллаи Сулутеппа алайҳи тахриби манзилҳояшон аз сӯи ширкат эътироз мекарданд. Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони хадамоти амниятии ширкати давлатии нафт соҳибони норозии манзилҳоро бо калтакҳои резинӣ лату кӯб карданд.

Дар ҳоле, ки ширкати нафт ин қитъаи заминро моли худ мешуморад, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо аз шаҳрдорӣ барои бунёди манзилҳои як ва дуошёна санад гирифтаанд. Бархе аз манзилҳо бо чизу чора ва асноди соҳибонашон тахриб шудаанд.
XS
SM
MD
LG