Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Толибон" дар Саудӣ ё Туркия дафтар боз кунанд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъд аз хатми музокирот бо шахсиятҳои маъруфи кишвар изҳор намуд, ки барои Кобул беҳтар аст агар ҷунбиши “Толибон” дафтари муваққати худро дар Арабистони саудӣ ё Туркия ифтитоҳ кунанд.

Сарвари Афғонистон дар гуфтугӯ бо фармондеҳони собиқи муҷоҳидин, раҳбарони мазҳабӣ ва мансабдорони воломақоми ҳукуматӣ мавзӯъи дурнамои музокироти сулҳ бо “Толибон”-ро баррасӣ кард.

Дар нишаст гуфта шуд, ки қабл аз музокирот толибон бояд ҷанг ва хушунат алайҳи мардуми Афғонистонро қатъ кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе Кобул барои машварат сафирашро аз Қатар бозхонд. Ин вокуниш ба хабари расонаҳо буд, ки гӯё намояндаи расмии “Толибон” бо пешниҳоди Амрикову Қатар барои дар ин кишвари Халиҷи Форс боз кардани сафорати ғайрирасмӣ розӣ шудааст. Ҳадаф аз ташкили сафорати ғайрирасмии “Толибон” – осонтар кардани музокироти сулҳ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG